Сохтмону навсозии 25 иншоот дар Кӯлоб
Кӯлоб, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар минтақаи Кӯлоб бо маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохтмону навсозии 25 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилои масъулин сохтмони 8 иншоот аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ бо маблағи 5 млн. 800 ҳазор сомонӣ, 17 иншооти дигар бо маблағгузории буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо маблағи 6 млн. 500 сомонӣ идома дорад.
Дар ин давра муассисаи таълимӣ барои 480 хонанда дар деҳаи Офтоблиқо, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 320 хонанда дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ, мактаб барои 320 хонанда дар деҳаи Зулмободи ноҳияи Шӯрообод, варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷои нишаст дар ноҳияи Ховалинг, хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Восеъ ва дигар иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






