Спартакиадаи бонувон дар Суғд
Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Бахшида ба 20-солагии таъсиси ҲХДТ дар вилояти Суғд моҳи ноябри соли ҷорӣ спартакиадаи бонувон гузаронида мешавад.
Ба иттилои масъулини ҳизб ин мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бонувон ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ, тарғибу ташвиқи намудҳои мухталифи варзиш байни бонувони шаҳру ноҳияҳои вилоят, таҳкими дӯстӣ ва ватанпарастӣ дар байни бонувон, дарёфти варзишгарони умедбахш доир мешавад.
Гуфта мешавад, ки спартакиадаи бонувон аз рӯи 5 намуди варзиш дар иншоотҳои варзишии шаҳри Қайроққум гузаронида мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






