Суғд: 27 корхонаи саноатӣ фаъол шуд
Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Аз оғози соли 2014 дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд 27 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, масъулони шуъбаи энергетика ва саноати шаҳри Хуҷанд мегӯянд, дар натиҷаи ба кор пардохтани ин корхонаҳо 900 ҷои корӣ таъсис дода шуда, шаҳрвандон ба кор фаро гирифта шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин муддат корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ба миқдори 315 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






