Суғд: 900 нафар дар соҳаи саноат бо кор таъмин шуд
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ намудани наздик ба 30 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ имкон дод, ки зиёда аз 900 нафар дар шаҳри Хуҷанд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шавад.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар мулоқот инчунин гуфта шуд, ки таъмири беморхонаҳо, харидории таҷҳизоти нави муосири тиббӣ барои ин беморхонаҳо, ҷудо гардидани як миллион сомонӣ барои беҳтар намудани ғизонокии хӯрок барои муҳассилини макотиби шаҳр, бо хӯроки гарми бепул таъмин намудани 700 нафар навраси ятими шаҳри Хуҷанд дар давоми соли хониш, таъмири куллии 35 километр роҳ ва бунёди силсилаи боғчаҳои кӯдакона гувоҳи рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи маркази вилоят аст.
Дар ҳамин замина ҳоло барои ду нафар соҳибкор дар шаҳри Хуҷанд иҷозати сохтмони кӯдакистони хусусӣ дода шуд, ки ҳар кадоми он имкони фарогирии то 300 нафар кӯдакро пайдо хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






