Суғд: баргузории озмуни “Фарҳанги ҳимоят”

Сентябрь 19, 2014 12:07

Хуҷанд, 19.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад  Шарифзода).-  Бо ташаббуси Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  дар миқёси ҷумҳурӣ дар давоми  ду моҳ озмуни “Фарҳанги ҳимоят” баргузор мешавад. 
Тавре ки ба хабарнигори  АМИТ “Ховар” дар Суғд  узви кумитаи тадорукот, роҳбари бахши суғдии кумитаи мазкур  Фирдавс Ашӯрматов  иттилоъ дод,  озмун аз 18 сентябри  соли ҷорӣ оғоз шуда, дар он на танҳо фарҳангиёни кишвар, балки  ҳамаи дӯстдорони шеъру наср новобаста аз минтақа ва синн метавонанд ширкат варзанд.   
Ба гуфти манбаъ, мақсад аз баргузории озмун- ин пеш аз ҳама инъикоси масоили ҳимояти табақаҳои осебпазири ҷомеа аз тариқи шеър, наср ва наққошӣ аст. 
Озмун аз рӯи  се бахш — “шеър, наср ва наққошӣ”,  тибқи гурӯҳҳои синнии иштирокдорон, яъне  гурӯҳи аввал, кӯдакони то 7 сола, дуввум,  наврасони то синни 18 сола ва саввум,  ҷавонону бузургсолон доир мегардад. 
Дар интиҳои озмун, ки он 15 ноябри соли равон дар маркази маъмурии Суғд- шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад, аз тарафи сарпарастон ва кумитаи тадорукоти озмун  се нафар ғолиби ҳар гурӯҳ дар се бахш  бо туҳфаҳои  арзанда сарфароз гардонида мешавад.  

Сентябрь 19, 2014 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад