Суғд: баргузории озмуни “Фарҳанги ҳимоят”
Хуҷанд, 19.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Бо ташаббуси Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар миқёси ҷумҳурӣ дар давоми ду моҳ озмуни “Фарҳанги ҳимоят” баргузор мешавад.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” дар Суғд узви кумитаи тадорукот, роҳбари бахши суғдии кумитаи мазкур Фирдавс Ашӯрматов иттилоъ дод, озмун аз 18 сентябри соли ҷорӣ оғоз шуда, дар он на танҳо фарҳангиёни кишвар, балки ҳамаи дӯстдорони шеъру наср новобаста аз минтақа ва синн метавонанд ширкат варзанд.
Ба гуфти манбаъ, мақсад аз баргузории озмун- ин пеш аз ҳама инъикоси масоили ҳимояти табақаҳои осебпазири ҷомеа аз тариқи шеър, наср ва наққошӣ аст.
Озмун аз рӯи се бахш — “шеър, наср ва наққошӣ”, тибқи гурӯҳҳои синнии иштирокдорон, яъне гурӯҳи аввал, кӯдакони то 7 сола, дуввум, наврасони то синни 18 сола ва саввум, ҷавонону бузургсолон доир мегардад.
Дар интиҳои озмун, ки он 15 ноябри соли равон дар маркази маъмурии Суғд- шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад, аз тарафи сарпарастон ва кумитаи тадорукоти озмун се нафар ғолиби ҳар гурӯҳ дар се бахш бо туҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






