Суғд: Бинои нав дар маркази дилшиносӣ
Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Кормандони маркази дилшиносии вилояти Суғд соҳиби боз як бинои замонавӣ шуданд. Акнун шуъбаи сеюми ин марказ аз бинои кӯҳна ба иншооти нав интиқол ёфт ва минбаъд дар шароити мусоид бо сатҳу сифати баланд фаъолият хоҳад кард.
Субҳи имрӯз раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави шуъба ширкат варзид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, бинои мазкур қаблан ҳамчун табобатгоҳи бемориҳои сироятӣ амал мекард ва чанд вақти охир дар ҳоли ногувор боқӣ монда буд. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми як миллион сомонӣ бино бо сифати баланд таъмиру навсозӣ шуд.
Худи шуъба низ то ин дам дар иншооти 120- солае, ки хеле фарсудаю таъмирталаб буд, фаъолият мебурд ва агарчанде, ки табобат дар сатҳи лозимӣ қарор дошт, беморон хешро нороҳат эҳсос мекарданд. Акнун шуъбаи мазкур дар 22 утоқ ва 40 кат бо симои дилкашу муҳити тозаву озода барои муҳтоҷон хизмат хоҳад расонид.
Боиси зикр аст, ки дар арафаи ифтитоҳи бинои нав шуъба ҳамзамон соҳиби мошини ёрии таъҷилии замонавӣ гардид, ки тибқи лоиҳа ба воситаи ташкилоти байналхалқии «Go help» аз Британияи Кабир дастрас шудааст. Гурӯҳи ёрии таъҷилии марказ акнун имкон дорад на танҳо ба сокинони шаҳри Хуҷанд, балки дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ ба корафтодагон кумаки тиббии сайёр расонад. Нақлиёти ёрии аввалин дорои таҷҳизоти муҳими интиқол, назорати ҳолати бемор ва хизматрасонии нахустини тиббӣ ба муҳтоҷон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






