Суғд: Бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ дар қисми низомӣ

Сентябрь 18, 2014 14:58

Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Соли равон бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар 600-солагии мутафаккири беназир Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашн гирифта мешавад.  Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, бо ин мақсад имрӯз, дар госпитали ҳарбии гарнизони Суғд ва қисми низомии 08362, воқеъ  дар шаҳри Чкалов ба хотири гиромидошти 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ маҳфилӣ илмӣ-адабӣ доир гардид.
Нуралӣ Нурзод, донишманди тоҷик, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров  иброз дошт, ки дар меҳвари сиёсат қарор гирифтани бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар фарзандони фарзонаи миллат ибтикороти хеле бузург аст. Мавлоно Ҷомӣ бо ифтихор дар осораш аз тоҷик буданаш ёд карда аст.
Ба таъкиди Н. Нурзод  Абдураҳмони Ҷомӣ дар адабиёти классикӣ шахсияти беназир аст. Бо таҷлили 600-солагии бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ мо боз ҳам жарфтар ба эҷодиёт ва мероси пурғановати Ҷомӣ руҷӯъ намуда, барои худ як маҷрои нави зиндагиро кашф хоҳем кард, -иброз дошт Н. Нурзод.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки аз Ҷомӣ осори гаронбаҳое ба мо мерос мондааст ва дар он асарҳо тамоми масъалаҳо, аз ҷумла андешаҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва ғайра ҷой дода шудааст.
 

Сентябрь 18, 2014 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад