Суғд: истихроҷи ангишт дар Шӯроб 20% афзуд

Сентябрь 4, 2014 09:14

Хуҷанд, 4.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Дар коргоҳҳои истихроҷи ангишти вилояти Суғд истихроҷи ангишт   меафзояд. Тавре  ки ба “АМИТ Ховар”  аз маъмурияти коргоҳи  ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Ангишт”-и шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара  иттилоъ доданд, ангиштканони коргоҳи мазкур иҷрову муқаррароти нақшаи ҳафтмоҳаи соли ҷориро барзиёд таъмин намуда, ба миқдори 27 ҳазору 474 тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки ин нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5 849 тонна ва аз муқаррароти нақшавӣ 4 514 тонна,  яъне 19,7 % зиёд аст. Инчунин  дар  ин давра дар 1559 метри тӯлонӣ корҳои роҳкушоиву нақбканӣ анҷом дода шудаанд, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ  219 метр бештар мебошад. 
Дар маҷмӯъ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ангиштканони Суғд 306,5 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карданд. 
Алъон дар миқёси Суғд 8 коргоҳи ангиштканӣ фаъолият дорад, 3-тои он дар ноҳияи Айнӣ, 2 коргоҳ дар ноҳияи Панҷакент ва Исфара ва 1 коргоҳ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад. Аз ин шумора коргоҳҳои “Фон-Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ ва ҶСК “Ангишт”- ноҳияи Исфара аз зумраи калонтарин конҳои истихроҷи ангишт дар шимоли кишвар маҳсуб мешаванд. 
Бояд гуфт, ки барои омодагии аҳолӣ ба фасли тирамоҳу зимистон дар миқёси вилоят то кунун зиёда аз 1000 нуқтаи фурӯши ангишт ва нуқтаи гази моеъ ташкил шудааст. 
 
 
 

Сентябрь 4, 2014 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!