Тағйиротро чӣ тавр бояд идора кард?
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Назар ба хабари Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанде пеш дар шаҳри Кишинёв семинар дар мавзӯи «Сифати омор : тағйиротро чӣ тавр бояд идора кард?» баргузор гардид.
Дар кори семинар қариб 60 нафар намояндагони кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ширкат доштанд.
Дар ҷараёни семинар масоили дастовардҳои охирин дар Аврупо, даври нави санҷиши арзёбии холисона дар давлатҳои аъзо, таҷдиди назари қонунгузории Евростат ва стратегияи таъмини Иттиҳоди Аврупо бо сохторҳои доимӣ барои идораи сифати маълумоти оморӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла намояндаи Тоҷикистон перомуни дастовардҳои нав дар амри идораи сифатаи маълумоти омории кишварҳояшон гузориш доданд.
Дар семинар ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкории омории байни Евростат ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тарҷумон, М. Шарифзода.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






