Тақдими дипломҳои сурх дар Рӯзи дониш
Суғд, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи дониш бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, волидону устодон ва муҳассилин бошукӯҳ таҷлил гардид.
Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик гуфт. Муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов, муовини сардори раёсати ташкили назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Тақдиршо Тақдиров номаҳои шодбошии раиси вилоят ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ба аҳли нишаст расониданд.
Имсол донишгоҳро 1225 нафар хатм карда, соҳиби дипломи тахассусӣ ва 98 нафар сазовори дипломи сурх шуданд. Ба хатмкунандагони аълохон дар вазъияти тантанавӣ дипломҳо супорида шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






