Тақдими мукофотҳои ҷашнӣ дар ВКХ ҶТ

Сентябрь 22, 2014 09:51

Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).- Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 23-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сафир оид ба супоришҳои махсус Тошмад Назиров бо медали Хизмати шоиста, сардори шуъбаи раёсати ташрифоти давлатӣ Раҳимҷон Носиров бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва мушовири Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Луқмон Исоматов бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.
Ҳамзамон бо Фармони вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандони вазорати мазкур, аз ҷумла Абдулфайз Атоев — сардори раёсат, Рашид Олимов — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Содиқ Имомов — сардори раёсат, Шермаҳмад Ниёзов- сардори раёсат, Гулчеҳра Умаралиева — муовини сардори раёсат, Вафо Ниятбеков — муовини сардори раёсат, Маҳмадалӣ Раҷабов — сардори шуъба ва Сангаҳмад Зауров — мушовири раёсат бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.

Сентябрь 22, 2014 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд