Тақдими мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби Азим Иброҳим

Сентябрь 8, 2014 11:35

Душанбе, 8.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тавре ки иттилоъ додем, дар арафаи 23-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи илму маориф, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорони хусусӣ аз 7 августи соли 2014 як гурӯҳ шахсон барои хизмати намунавии давлатӣ, саҳми арзанда дар соҳаи илму маориф ва фаъолияти намунавии соҳибкорӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. 
Бо супориши Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз 1 то 5 сентябр ба чанде аз онҳо мукофотҳои сазоворгаштаашонро супорид. Аз ҷумла, бо медали «Хизмати шоиста» — Бобоев Юнус Зикриёевич, раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки назди Саридораи геология; Ҳошимов Хол Раҷабович, сардори Нозироти давлатии назорати иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва ататсионии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ; Аминов Икромҷон Абдуаҳадович, муаллими мактаби мусиқии бачагонаи №5-и шаҳри Душанбе; Исмоилов Баҳром Мансурович, директори муассисаи таълимии миёнаи умумии №21-и шаҳри Душанбе; Раҳмонова Зебунисо Карамовна, мудири кӯдакистони №19-и шаҳри Душанбе; Рустамов Хуршед Кавгакович, сардухтури беморхонаи клиникии №5-и шаҳри Душанбе; Саъдуллоев Абдусаттор Чиллаевич, директори маркази савдои «Анӯшервон»-и шаҳри Душанбе; Саидмаҳмадов Саидасрор, мудири шуъбаи бемориҳои заҳролудшудаи беморхонаи клиникии №3-и шаҳри Душанбе; Чиллаев Ҳасан Сафарбекович, ҳунарпешаи дараҷаи якуми Муассисаи давлатии Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов, бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» — Гулаҳмадов Абдулазиз Абдулҳаевич, сардори Хадамоти роҳу коммуникатсияи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон; Кавков Саидамин Зарипович, духтури бемориҳои сироятии беморхонаи клиникии шаҳри Душанбе, бо медали «Шафақ» — Ҳусейнова Сафия Ҷӯрабоевна, духтури тибби оилавии маркази саломатии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе, бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ғаффорова Саида Саидовна, муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд, ки муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим ба муассисаҳои кории онҳо ташриф оварда, дар фазои тантанавӣ мукофотҳои давлатиро аз номи Президенти мамлакат супорид.      
 
 

Сентябрь 8, 2014 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад