Таҳкиму густариши муносибатҳои Тоҷикистону Малайзия

Сентябрь 8, 2014 14:46

Душанбе, 08.09.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон-вазири корҳои хориҷии Малайзия имрӯз баъди мулоқот бо Президенти кишвар ба хабарнигорон андешаҳояшро чунин иброз намуд:
«Пеш аз ҳама мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ин кишвар барои ин фурсати муносиб ва имконот барои анҷоми сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ташаккур намоям. Илова ба ин барои меҳмоннавозии самимӣ ва пазироии гарм аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамоям. 
Ҳадафи асосии сафари расмии ман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин бори дигар тасдиқ намудани тасмимоти инҷониб барои таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба байни кишварҳои мо мебошад ва инчунин барои дарёфти роҳу василаҳои муносиби татбиқи амалии он тафовуқ ва мувофиқаҳое, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳокимаҳову суҳбатҳои онҳо бо Сарвазири Малайзия анҷом дода буданд, мебошад. Мо инчунин тасмим гирифтем, то ки роҳҳою василаҳои муносиби татбиқи мувофиқаҳои худро дар самту арсаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн пайдо намоем.
Сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Малайзия дар таърихи муносибатҳои ҳарду ҷониб як марҳила ва саҳифаи наверо боз намуд, ки ин барои рушду нумуи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт саҳми босазо хоҳад гузошт. Он созишномаҳо ва асноди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт, технология ва илм, ки зимни сафарҳо, инчунин дар илова ба он якчанд ёддоштҳои тафоҳуме ба имзо расиданд, барои таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҳарду кишвар мусоидати назаррас хоҳанд намуд.
Барои ҳамкориҳои байни ҳарду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, сайёҳӣ, технология, дар соҳаи истеҳсоли маҳсулот ва ғизои ҳалол, инчунин пешбурди низоми бонкдории исломӣ, иқтидор ва имконоти бузурге вуҷуд дорад». 
Вазири корҳои хориҷии Малайзия дар робита ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф изҳори умед кард, ки теъдоди зиёди ҷавонони Тоҷикистон макотиби олии Малайзияро барои таҳсил интихоб хоҳанд кард. Барои  дастгирӣ ва ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифтитоҳи бахш ё намояндагии Донишгоҳи Линкоквинг дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои сарфароз гардиданашон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Линкоквинг табрик намуд.   
Дар анҷоми суҳбат Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуд.
 
 

Сентябрь 8, 2014 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад