Таҳкиму густариши муносибатҳои Тоҷикистону Малайзия
Душанбе, 08.09.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон-вазири корҳои хориҷии Малайзия имрӯз баъди мулоқот бо Президенти кишвар ба хабарнигорон андешаҳояшро чунин иброз намуд:
«Пеш аз ҳама мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ин кишвар барои ин фурсати муносиб ва имконот барои анҷоми сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ташаккур намоям. Илова ба ин барои меҳмоннавозии самимӣ ва пазироии гарм аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамоям.
Ҳадафи асосии сафари расмии ман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин бори дигар тасдиқ намудани тасмимоти инҷониб барои таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба байни кишварҳои мо мебошад ва инчунин барои дарёфти роҳу василаҳои муносиби татбиқи амалии он тафовуқ ва мувофиқаҳое, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳокимаҳову суҳбатҳои онҳо бо Сарвазири Малайзия анҷом дода буданд, мебошад. Мо инчунин тасмим гирифтем, то ки роҳҳою василаҳои муносиби татбиқи мувофиқаҳои худро дар самту арсаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн пайдо намоем.
Сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Малайзия дар таърихи муносибатҳои ҳарду ҷониб як марҳила ва саҳифаи наверо боз намуд, ки ин барои рушду нумуи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт саҳми босазо хоҳад гузошт. Он созишномаҳо ва асноди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт, технология ва илм, ки зимни сафарҳо, инчунин дар илова ба он якчанд ёддоштҳои тафоҳуме ба имзо расиданд, барои таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҳарду кишвар мусоидати назаррас хоҳанд намуд.
Барои ҳамкориҳои байни ҳарду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, сайёҳӣ, технология, дар соҳаи истеҳсоли маҳсулот ва ғизои ҳалол, инчунин пешбурди низоми бонкдории исломӣ, иқтидор ва имконоти бузурге вуҷуд дорад».
Вазири корҳои хориҷии Малайзия дар робита ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф изҳори умед кард, ки теъдоди зиёди ҷавонони Тоҷикистон макотиби олии Малайзияро барои таҳсил интихоб хоҳанд кард. Барои дастгирӣ ва ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифтитоҳи бахш ё намояндагии Донишгоҳи Линкоквинг дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои сарфароз гардиданашон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Линкоквинг табрик намуд.
Дар анҷоми суҳбат Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






