Таҳлили натиҷаҳои даъвати баҳории соли 2014
Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат вобаста ба омодагии сафарбарӣ, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар самтҳои фаъолият ҳафтаи равон ҷамъомади методӣ-таълимӣ доир гардид.
Ҷамъомади таълимии комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат, бо нишон додани ҳимояи хеш дар задухӯрдҳои тан ба тан бо усулҳои шарқӣ оғоз гардид.
Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо вобаста ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар самти боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ сухан гуфта, аз иштирокчиёни он, оид ба омӯзиши мавзӯъҳои дар ҷамъомад пешбинишуда, муносибати ҷиддиро талаб намуд.
Ҳамзамон, вобаста ба таҳлилу натиҷаҳои даъвати баҳории соли равон ва монеаю мушкилоти ҷойдошта, дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ шуд. Таъкид гардид, ки шумораи ҷавонони синни соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд.
Афсарони масъули Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба мавзӯъҳои омодагии сафарбарӣ, қарори дахлдор қабул намудан ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ, самаранок истифода намудани захираҳои эҳтиётӣ, аз қабили ҳайати шахсӣ, техникаҳои хоҷагии халқ, сафарбарии онҳо ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳимояи ҳудудиро, ки дар сурати хатарҳои эҳтимолӣ ва ё воқеӣ ба миён меояд, мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар даври ниҳоии машғулиятҳо иштирокчиёни он аз рӯи мавзӯъҳои муайяншудаи ҷамъомади мазкур санҷиш супурданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






