Таҷлили ҷашни Истиқлол дар «Тоҷикстандарт»
Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») бахшида ба 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукурзода оид ба нақш ва ҷойгоҳи истиқлолият дар худшиносии миллӣ, соҳибдавлативу соҳибзабонӣ, ифтихори милливу ватандорӣ сухан гуфт. Аз ҷумла зикр шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба рушди бемайлони тамоми соҳаҳо, бахусус иқтисодӣ ноил гашта, истеҳсоли маҳсулоти ватаниро ба маротиб афзуд, ки албатта, ин раванд ба таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ мусоидат мекунад.
Дар фарҷом ба кормандони фаъоли соҳа ифтихорнома ва мукофотҳо дода шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






