Таҷлили Рӯзи байналмилалии савод дар Данғара

Сентябрь 25, 2014 12:02

 
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона  Достонзода). – Сафири ИМА  дар  Тоҷикистон  Сюзан М. Эллиотт якҷоя бо  раиси  ҳукумати ноҳияи  Данғара  Маҳмадулло Сайдалиев,  роҳбари  шуъбаи таҳсилоти  миёнаи  Вазорати  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Абдуҷаббор  Алиев  дар  маросими  таҷлили  48 –умин  солгарди Рӯзи байналмилалии  савод  дар  мактаби № 4  ноҳияи  Данғараи  вилояти  Хатлон  иштирок  намуд. 
Тавре  ки  аз  сафорати  Амрико  дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  созмони USAID  ба  ифтихори  «Рӯзи  байналмилалии  савод – 2014»  барои  165 макотиби  вилояти  Хатлон  7  ҳазору  260  адад  китоб  тақдим  кардааст. 
Ёдовар  мешавем, ки мутобиқи  барномаи  ЮНЕСКО Рӯзи  савод  дар  саросари  ҷаҳон таҷлил  мегардад. 
 
 
Тарҷумон – Шарифзода М.
 

Сентябрь 25, 2014 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш