Таҷлили Рӯзи дониш дар ДАТ
Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар Рӯзи дониш таҷлил шуд.
Дар дохили бинои асосии донишгоҳ намоиши китоб, маҷаллаву рӯзномаҳои ин боргоҳ, ки аз тарафи олимону донишҷӯён таълиф ёфтаанд, ташкил шуда, вазир ба фаъолияти илмиву методии олимон ва донишҷӯён баҳои хуб дода, ҳамкориҳои зичтари онҳоро бо мутахассисони вазорат тақозо намуд.
Вазири кишоварзӣ Қ. Роҳбар оид ба моҳияти сиёсати маорифпарваронаи Сарвари мамлакат, дастгириҳои ҳамешагии давлату ҳукумат аз донишгоҳ, зарурати мутахассисони баландихтисос барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва талаботи замон ба навовариву ташаббускориҳои ҷавонон сухан ронда, мавқеи донишгоҳи мазкурро дар иқтисодиёти кишвар ва хусусан пешрафту татбиқи ислоҳоти соҳаи аграрӣ хеле баланд арзёбӣ намуд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






