Таҷлили Рӯзи Фалак дар Душанбе

Сентябрь 23, 2014 09:40

Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-10-уми октябри соли равон дар толори Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи Фалак барномаи консертӣ доир мегардад.
Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, барномаи консертӣ бо иштироки фалаксароёни ҷавон ва устодони фалаксаро аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар баргузор хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки мусиқӣ дар тӯли асрҳо рисолати таърихии хешро ба ҳайси ифодагари маънавиёту ахлоқ, зимни вижагиҳою рангомезии лаҳнияш аз замони бостон то кунун иҷро кардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки маҳфуми фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли ин будааст.
Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии классикии Фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст.
Мо, ворисони ин ганҷи бебаҳои маънавии ниёгон, бояд онро ҳамчун падидаи пурарзиши фарҳангӣ ҳифз намуда, баҳри рушду нумуи жанру муҳтавои он кӯшиш намоем.

Сентябрь 23, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд