Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи ҷангал
Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).- Ҳамасола дар шанбеи сеюми моҳи сентябр Рӯзи ҷангал таҷлил мешавад. Дар робита ба ин 20 сентябр дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Зимни ҷамъомад директори агентӣ Азизулло Исматов кормандони соҳаи ҷангалро бо иди касбиашон табрик карда, гуфт, ки: «Аз давраи таъсиси мақомоти давлатии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 80 сол сипарӣ шудааст. Аз санаҳои таърихӣ маълум мегардад, ки аввалин хоҷагиҳои ҷангалпарварии Тоҷикистон хоҷагиҳои ҷангали Долиёни боло (Ғончӣ), Қурғонтеппа, Сари Хосор ва Шаҳристон будаанд. Дар шароити кунунӣ соҳаи ҷангалпарварии кишвар дар марҳилаи нави рушд қарор дорад. Қобили зикр аст, ки ҷангалзори Тоҷикистон ба категорияи I-ум дохил мешаванд ва доимо зери назорат ва муҳофизат қарор доранд”.
Сохтори Агентии хоҷагии ҷангал аз Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, 42 хоҷагии ҷангал, 5 хоҷагии ниҳолпарварӣ ва 13 парваришгоҳи табиии давлатӣ иборат аст.
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси усулҳои идораи байналмилалии соҳаи ҷангал ҳамкориҳоро бо чандин ташкилоти байналхалқӣ ба роҳ монда, аз таҷрибаи кори онҳо дар идоракунӣ ва истифодаи устувори сарватҳои ҷангал истифода намуда, таҷрибаи пешқадами кори онҳоро дар амал татбиқ месозад. Кормандону мутахассисони агентӣ дар конфронсу семинар ва симпозиумҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо донишҳои азхуднамудаашон дар пешрафти соҳа нақши муҳим мебозанд.
Қобили зикр аст, ки баъди қабул гардидани Кодекси нави ҷангал (2011) аз ҷониби мутахассисони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия гашта, онҳо фаъолияташонро тибқи Кодекси нави ҷангал, низомнома ва нақшаи кории худ ба роҳ монда, саъю талош мекунанд, ки ба нишондодҳои хуб ноил шаванд.








Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат






