Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар боғи Рӯдакӣ
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз аҳли ҷомеа хотираи сардафтари адабиёти тоҷику форс, Одам-уш-шуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро гиромӣ медоранд. Дар ин рӯз дар сар то сари макотиби ҷумҳурӣ Рӯзи Рӯдакихонӣ доир мешавад.
Таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ башоратгари ифтихор аз фарзанди бузурги миллати тоҷик аст, ки дар осмони назми ҷаҳони мутамаддин дурахшонтарин ситора маҳсуб ёфта, эҷодиёташ барои тарбияи маънавиёту инсонгароӣ, ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии насли наврас ва ҷавон манбаи беназир аст.
Ҳамчунин баҳри ифтихормандӣ аз ва бузургдошти фарзанди бузурги миллат бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз соати 18:00 дар назди пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ бо иштироки шоирон Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб маҳфили шеърхонӣ ва барномаи консертӣ таҳти роҳбарии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшо ва дигар ҳунармандон баргузор мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






