Таҷлили Рӯзи сулҳ дар Новосибирск
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Ҳафтаи гузашта намояндагони ҷамоаи тоҷикон дар Новосибирск дар маросими таҷлили Рӯзи байналмилалии сулҳ дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Ин чорабинӣ, ки дар он намояндагони халқу миллатҳои мухталифи минтақа ширкат доштанд, таҳти шиори «Ҳуқуқи халқҳо барои сулҳу осоиш» роҳандозӣ шуд.
Назар б а хабари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират, дар анҷоми ид маросими шодоб намудани дарахти рамзии дӯстӣ баргузор гардид. Намояндагони миллатҳои мухталиф, ки дар бар либоси миллӣ карда буданд, ба нишони таҳкими дӯстии миёни халқҳо ба пояи дарахти дӯстӣ аз кӯзаҳо об рехтанд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи сулҳ иди расмии Созмони Милали Муттаҳид ба манзури дастгирии муносибатҳои сулҳомези байни мардум ва кишвару қитъаҳо маҳсуб меёбад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






