Таҷлили зодрӯзи Баҳманёр дар Маскав
Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ Ховар, Марҳабои Азамат).- Дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Н.А Некрасови шаҳри Маскав маросими муаррифии китоби нависандаи машҳури тоҷик Баҳманиёр Буд- набуд дар Сармаддеҳва маҳфили эҷодӣ бахшида ба 60-солагии мавсуф баргузор гардид. Дар ин бора намояндаи махсуси Сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ Ховар хабар дод.
Мувофиқи суханони манбаъ, ин чорабинӣ бо ибтикори узви Шӯрои умури миллатҳои назди Ҳукумати шаҳри Маскав, узви ҳайати раёсати Академия МАДЕНМ, узви Академияи Ферронии Руссия ва Итолиё, роҳбари Комиссияи бахши фарҳанги Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Чумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои Маркази фарҳанги тоҷикон дотсенти Мактабии олии иқтисодиёт, номзади илми филология, тарҷумон Хуршеда Ҳамроқулова роҳандозӣ шуд.
Хуршеда Ҳамроқулова маҳфилро ифтитоҳ намуда, меҳмононро бо ҳаёту фаъолияти Баҳманиёр ва асарҳояш шинос кард. Мавсуф зикр намуд, ки чанде пеш дар нашароти Китобхонаи Олжас-и шаҳри Алмаато китоби «Буд- набуд дар Сармаддеҳ» ба забони русӣ аз чоп баромад. Муҳаррири масъул ва мураттиби китоб Сафар Абдулло ва сарпарасти он соҳибкори тоҷик Сино Ализода мебошанд.
Назар ба иттилои дипломати тоҷик, дар мулоқот шоирону нависандагони Русия, Беларус ва Арманистон, ҳамчунин намояндагони иттиҳодияҳои фарҳанги миллӣ ва ходимони ҷамъиятии шаҳри Маскав сухан карданд.
Ҷашнвораи имрӯза ки дар ҳошияи равобити фарҳангии ду давлати дӯст- Русия ва Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, аҳамияти бузург дошта ва ба рушду таҳкими муносибатҳоямон мусоидат мекунад. Дар анҷоми маҳфил консерти устодони санъати шаҳри Маскав ва итттиҳодияҳои миллӣ баргузор гардида, Хуршеда Ҳамроқулова порчаҳоро аз китоби Баҳманиёр қироат кард,- зикр намуд Муҳаммад Эгамзод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






