Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ДДХ дар Помир

Сентябрь 8, 2014 15:51

Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо мақсади ба пояи устувор гузоштани дониши амалии донишҷӯёни факултаи география-экологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва омӯхтани гуногуннамудии сарватҳои табии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ 14 нафар донишҷӯ бо роҳбарии профессор Садриддин Абдураҳимов, ки баҳри экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ ба Помири шимолӣ рафта буданд, омада, онро натиҷагирӣ намуданд.

Тавре ки  сардори Маркази омӯзиши офатҳои табиӣ ва техногении донишгох, профессор Садриддин Абдураҳимов иттилоъ дод, ин таҷрибаомӯзӣ  аз 1-уми июл то 18-уми июли соли равон идома ёфт. Дар ин экспедитсия донишҷӯён аз Хуҷанд бо воситаи гузаштан аз  қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор — дар қисми ҷануби шарқии  қаторкӯҳи Қаротегин ва водии Вахши деҳаи Яхч қарор гирифтанд. Донишҷӯён дар сатҳи болоии кӯҳпораи кандашуда ба омӯхтани ҳолати имрӯзаи он  машғул шуданд. Бо мусоидати масъулини  ҷамоати деҳаи Ҳоит бахшида ба 65-солагии заминларзаи Ҳоит дар байни аҳолӣ оид ба бавуҷудоии офатҳои табиӣ, сабабҳои он ва усулҳои пешгирӣ кардан бо аҳолӣ суҳбатҳо ороста шуданд. 
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл 17 нафар донишҷӯи курси 3-юми ихтисосҳои география, география-демография, географияи сайёҳӣ  ва менеҷменти  саёҳат барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ байни минтақавии табию иқтисодӣ ба  минтақаҳои таҷрибаомӯзии ба шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ, Душанбе, Ваҳдат, Норак сафарбар  шудаанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки 10 сол муқаддам чунин анъана буд, ки донишҷӯён имкони таҷрибаомӯзӣ ва боздид аз ҷойҳои таърихии манотиқи гуногуни кишварро доштанд. Хушбахтона, ин анъана соли ҷорӣ бо дастгирӣ ва пуштибонии Раёсати донишгоҳ аз нав эҳё гардид.
 
 

Сентябрь 8, 2014 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад