Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ДДХ дар Помир
Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо мақсади ба пояи устувор гузоштани дониши амалии донишҷӯёни факултаи география-экологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва омӯхтани гуногуннамудии сарватҳои табии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ 14 нафар донишҷӯ бо роҳбарии профессор Садриддин Абдураҳимов, ки баҳри экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ ба Помири шимолӣ рафта буданд, омада, онро натиҷагирӣ намуданд.
Тавре ки сардори Маркази омӯзиши офатҳои табиӣ ва техногении донишгох, профессор Садриддин Абдураҳимов иттилоъ дод, ин таҷрибаомӯзӣ аз 1-уми июл то 18-уми июли соли равон идома ёфт. Дар ин экспедитсия донишҷӯён аз Хуҷанд бо воситаи гузаштан аз қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор — дар қисми ҷануби шарқии қаторкӯҳи Қаротегин ва водии Вахши деҳаи Яхч қарор гирифтанд. Донишҷӯён дар сатҳи болоии кӯҳпораи кандашуда ба омӯхтани ҳолати имрӯзаи он машғул шуданд. Бо мусоидати масъулини ҷамоати деҳаи Ҳоит бахшида ба 65-солагии заминларзаи Ҳоит дар байни аҳолӣ оид ба бавуҷудоии офатҳои табиӣ, сабабҳои он ва усулҳои пешгирӣ кардан бо аҳолӣ суҳбатҳо ороста шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл 17 нафар донишҷӯи курси 3-юми ихтисосҳои география, география-демография, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ байни минтақавии табию иқтисодӣ ба минтақаҳои таҷрибаомӯзии ба шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ, Душанбе, Ваҳдат, Норак сафарбар шудаанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки 10 сол муқаддам чунин анъана буд, ки донишҷӯён имкони таҷрибаомӯзӣ ва боздид аз ҷойҳои таърихии манотиқи гуногуни кишварро доштанд. Хушбахтона, ин анъана соли ҷорӣ бо дастгирӣ ва пуштибонии Раёсати донишгоҳ аз нав эҳё гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






