Табрикоти Миср ба Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлол
Душанбе, 10.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар рӯзи ҷашни миллии кишвари мо Дабири Дафтари раёсати Ҷумҳурии Арабии Миср Аҳмад Минисӣ аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира боздид ба амал овард.
Аҳмад Минисӣ ба намояндагӣ аз Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 23-юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик арз намуда, ба кишвари мо ва мардуми он сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бештар орзу кард.
Сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ бо арзи сипоси фаровон аз табрики мазкур, аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои байни ду кишвар изҳори хушнудӣ намуда, ба Миср ва мардуми он орзуи амну субот ва рафоҳу ободии бештар кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






