Тадқиқоти соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ “Ховар”). — Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДИДС ДОМ) 19 сентябри соли 2014 дар мавзӯи «Соҳибкории хурду миёна» семинар баргузор намуд. ДИДС натиҷаҳои тадқиқотро дар бораи соҳибкории худрду миёна дар Тоҷикистон муаррифӣ намуда, зимнан таваҷҷуҳро ба тавсияҳое равона намуд, ки онҳо неруи рушдро собит месозанд. Тадқиқот ва семинар дар доираи барномаи Инкишофи соҳибкории хурду миёна дар Осиёи Марказӣ, ки бо ташаббуси USAID ва Фонди Оғохон татбиқ мешаванд, доир гардид.
Муҳаққиқи илмии ДИДС доктор Канат Тилекеев натиҷаҳои тадқиқоти бахшҳои соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон, аз ҷумла истеҳсолоти хурди соҳаи кишоварзӣ, савдои чакана, хизматрасонӣ, нақлиёти боркаш ва мусофирбарро муаррифӣ намуд. Ӯ инчунин вазъияти кунунии соҳибкории хурду миёна ва мушкилоти ин самтро мавриди таҳлил қарор дод.
“Тавассути тадқиқоти мазкур мо ният дорем халои иттилоотии сатҳи ибтидоиро пур намоем, ки қаблан мавриди тадқиқ қарор нагирифта буд. Ин натиҷаҳо ба мо баҳри беҳтар дарк кардани корхонаҳои хурду миёна дар Тоҷикистон ва мамониатҳои роҳи онҳо мусоидат мекунанд. Тадқиқоти мо 335 корхона, аз ҷумла 225 адад дар маҳаллаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва 100 корхонаи деҳотро фаро гирифт. Мо таваҷҷуҳи хешро ба як қатор омилҳо, аз ҷумла таҳсилоти соҳибкорон, сармоя, қарз, тасмимҳои маблағгузорӣ, дастрасӣ ба иттилоот, инчунин тасаввурот дар бораи муҳити васеи соҳибкорӣ равона намудем.” — зикр намуд Тилекеев.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






