Таъмини 90 нафар бо ҷои кор
Кӯлоб, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи Кӯлоб соҳаи саноат батадриҷ рушд намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 68 млн. 400 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 4,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра, рушди соҳаи саноат ба 107 % баробар гардид.
Бо дастгирии мақомоти иҷроия ва дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ 4 корхонаи саноатӣ ва 10 коргоҳи хурди истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки 90 нафар ба ҷои кори доимӣ ҷалб гардид.
Дар айни замон аксар корхонаҳои саноатии шаҳр бо иқтидори пурра кор карда, ашиёи хоми саноатии ватаниро коркард менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки сол то сол шумораи корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ дар миқёси шаҳру деҳоти Кӯлоб зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ меафзояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






