Таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор

Сентябрь 30, 2014 17:08

 Кӯлоб, 30.09.2014.  (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ба ин васила таъмин кардани сокинон бо ҷойи нави корӣ дар шаҳри Кӯлоб соли ҷорӣ 4 корхона ва 13 коргоҳи нави саноатӣ фаъол гардонида шуд, ки дар онҳо 164 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд.
 Бино ба иттилои мудири шуъбаи саноати мақомоти иҷроияи хокимияти шаҳри Кӯлоб дар давоми 8 моҳи соли 2014 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 68,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 миллион зиёд мебошад. 
Бояд гуфт, ки дар 53 корхона ва коргоҳҳои саноатии шаҳри Кӯлоб беш аз 1100 нафар фаъолият доранд.
 
 

Сентябрь 30, 2014 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд