Таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ дар давраи зимистон
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки: «Бахши кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад».
Дар давраи истиқлолият ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар соҳаи кишоварзӣ дар маҷмӯъ то имрӯз 15 барномаи давлатии соҳавӣ қабул гардида, мавриди иҷро қарор дорад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат, имсол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ҷамъи заминҳои киштшуда 828,5 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, аз ҷумла ғалладона 409,9 ҳазор гектар (гандум 290,5 ҳазор гектар), пахта 177,6 ҳазор гектар, картошка 36,3 ҳазор гектар, сабзавот 48,6 ҳазор гектар, полезӣ 19,4 ҳазор гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 106,7 ҳазор гектар мебошад.
Дар маҷмӯъ то охири соли 2014 мувофиқи таҳлилҳо ва кишти гузаронидашуда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ҳосили интизории истеҳсоли ғалладона 1210,8 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 813,8 ҳазор тонна, пахта 366,0 ҳазор тонна, картошка 902,9 ҳазор тонна, сабзавот 1389,2 ҳазор тонна, полезӣ 513,2 ҳазор тонна, мева 340,0 ҳазор тонна, ангур 180,0 ҳазор тонна, гӯшт 167,5 ҳазор тонна, шир 820 ҳазор тонна, тухм 350,8 млн. дона, моҳӣ 1,7 ҳазор тонна, асал 3,6 ҳазор тонна муайян карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки кишоварзон дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ маҳсулоти худро ҷамъоварӣ намуда, барои фурӯш омода кардаанд. Корхонаву ташкилотҳои дахлдор, идораву муассисаҳо, бозорҳо ва шаҳрвандон метавонанд барои захираи зимистон аз ин маҳсулотҳо бо нархҳои нисбатан арзон харид намоянд.
Мутахассисони Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа вазъияти норасоии маҳсулоти мевагиву сабзавотро дар фаслҳои зимистону аввали баҳор мавриди омӯзиш қарор дода, лоиҳаи «Барномаи давлатии барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои захираи маҳсулоти тозаи кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019»-ро таҳия намуд ва баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор (вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии сармоягузорӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот») ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Мақсади барнома-ин паст кардани сатҳи талафот, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо, оқилона ҷойгир сохтани истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти тозаи кишоварзӣ (меваю сабзавот) дар даврае, ки истеҳсоли онҳо қатъ мегарданд, рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ гардидани ҳосили рӯёнидашуда ва коркарди он) ва афзун намудани имконияти содиротии маҳсулоти тозаи кишоварзии мамлакат мебошад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






