Таъмини сокинони Ваҳдат бо об аз ҷониби ИМА
Душанбе, 26.09.201. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).– Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт ва раиси кумитаи маҳаллии деҳаи Ғалчагӣ Абдуҳамид Сангов расман иншооти нави обтаъминкуниро ба сокинони деҳаи Ғалчагии ҷамоати Чорсӯи ноҳияи Ваҳдат супориданд.
Тавре ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, иншооти мазкур 353 сокини деҳаро бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин мекунад. Лоиҳаи инфрасохтори об ҷузъи Лоиҳаи USAID «Идоракунии маҳаллӣ» ба ҳисоб меравад, ки он дар 10 ноҳия ва 20 ҷамоат бо мақсади баланд бардоштани сифати идора дар маҳал ва хизматрасониҳо амалӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур 8,400 метр қубурҳои об кашида шуда, иншооти безараргардонӣ ва тақсимоти об сохта шуд. Инчунин дар 37 хонаводаи деҳаи Ғалчагӣ ҷумакҳои алоҳидаи оби нӯшиданӣ насб гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






