Ташкили Фонди миллии муқовимат ба ВНМО
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории пайдошудаи норасоии масуният қарор қабул намуд. Мутобиқи он низомномаи Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният тасдиқ мешавад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ вазифадор гардид, ки фаъолияти Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро таъмин намояд.
Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният бо мақсади ташаккули манбаи мутамаркази маблағҳо ҷиҳати мусоидат намудан ба татбиқи «Барномаи давлатии муковимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.
Фонди мазкур бо ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, хусусӣ, байналмилалӣ, инчунин бо шахсони воқеӣ ва воситаҳои ахбори омма бо мақсади татбиқи вазифаҳои гузошташуда ҳамкорӣ менамояд.
Вазифаҳои асосии фонд аз маблағгузории барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва чорабиниҳое, ки ба пешгирӣ, ташхис, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ дар соҳаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният равона шудаанд, мусоидат ба рушди ҳамкорӣ бо фондҳои миллии давлатҳои дигар, инчунин фондҳои байналмилалӣ дар соҳаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният иборат мебошад.
Маблағҳои ҷалбгардидаи фонд барои амалӣ намудани чорабиниҳои миллӣ ва минтақавии мутобиқ ба вазифаҳои фонд, харидории маводи доруворӣ ва ташхисӣ, инчунин дигар маводи хароҷотӣ, табобати ройгон барои одамоне, ки бо вируси норасоии масунияти одам зиндагӣ доранд, ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ равона мешаванд.
Назорат аз болои фаъолияти молиявию хоҷагидории фонд аз ҷониби мақомоти дахлдор ё аудит ба роҳ монда мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






