Ташрифи ҳайати расмии ДОСААФ — и ИДМ ба Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2014 11:38

Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз, 22 сентябр дар Душанбе  Пленуми шашуми созмонҳои мудофиавӣ ва ҳарбӣ — техникии ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)  баргузор мегардад. 
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бори дуюм аст, ки чунин чорабинии азим дар  кишвари мо баргузор мегардад. Дар назар аст, ки ҳайатҳои расмии кишварҳои ширкаткунанда сараввал аз намоиши дастовардҳои варзишӣ ва таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намоянд.  Қобили зикр аст, ки замони истиқлол ба рушди намудҳои ҳарбӣ — техникии варзиш ва тақвияти пояҳои фаъолияти созмони мудофиавии Тоҷикистон, ки  ташкилоти ватанпараст аст, эҳёи дубора бахшид. 
Сипас  вохўриву дидори иштирокдорони Пленуми шашуми созмонҳои мудофиавӣ ва ҳарбӣ — техникии ҷумҳуриҳои узви ИДМ   бо намояндагони масъули мақомоти давлатии Тоҷикистон доир мегардад. 
Тавре ки котиби матбуоти кумита Абдурақиб Қодиров баён дошт,  тўли солҳои охир дар кори созмонҳои мудофиавии  ИДМ  раванди ҳадафманди инкишофи минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои тарафайн пеш гирифта шудааст. Ин раванд ба кўшишҳои кишварҳои узв барои такмили муносибатҳои дўстона ва ҳалли муштараконаи вазифаҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ, мудофиавӣ ва фарҳангӣ созгор аст. 
Дар  давоми 23 -соли мавҷудияти созмонҳои мудофиавӣ ва ҳарбӣ — техникии ҷумҳуриҳои узви ИДМ   он барои ҷалби  васеи ҷавонон барои  мустаҳкам намудани  иқтидори  мудофиавии  давлатҳои  узв  баҳри  хизмат дар  артиш  мусоидати  фаъол намудааст.
Иттиҳоди созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ — техникии ИДМ   дар заминаи ДОСААФ -и Иттиҳоди Шўравӣ 23 октябри соли 1991 таъсис ёфта буд.  Ҳозир он ҷамъиятҳои мудофиавии нўҳ давлати узви ИДМ — Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Украинаро муттаҳид мекунад.  
Дар айни ҳол дар ҳайати созмонҳои мудофиавӣ ва ҳарбӣ — техникии кишварҳои  узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   2 ҳазору 700 кумитаи шаҳрию ноҳиявӣ, наздики 900 муассисаи таълимӣ, зиёда аз 5 миллион аъзо муттаҳид шудаанд. Дар сохторҳои созмонҳои мудофиавӣ ва ҳарбӣ — техникии кишварҳои  узви ИДМ   ҳамасола зиёда аз 200 ҳазор мутахассис барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар  мутахассиси касбҳои оммавӣ — техникӣ омода мешавад. Зиёда аз  2 миллион нафар ба варзишҳои авиатсионӣ, техникӣ ва ҳарбӣ — амалӣ машғул аст.

Сентябрь 22, 2014 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд