Ташрифи Кунио Микурия ба Тоҷикистон
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Аз 30 сентябр то 3 октябри соли ҷорӣ Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия тасмим гирифтааст ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом диҳад.
Тавре ки аз Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ доданд, зимни сафари мазкур дар назар аст, ки масъалаҳои рушди муносибатҳо расонидани кумаки техникӣ ва молиявӣ ба Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, таълим ва бозомӯзии кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирад.
Вобаста ба ин, Дабири кулл Кунио Микурия бо сардори Хадамоти гумрук вохӯрӣ анҷом дода, боздид аз нуқтаҳои дидбонгоҳҳои гумрукӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, фурудгоҳи шаҳри Душанбе, инчунин Осорхонаи миллии Тоҷикистонро хоҳиши дидан кардааст.
Ин аввалин сафари расмии Дабири кулл Кунио Микурия ба Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Созмони ҷаҳонии гумрук ташкилоти байниҳукуматию байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, Дафтари кориаш дар Брюссели Белгия ҷойгир мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






