Ташрифи Президенти Қазоқистон ба Душанбе
Душанбе, 11.09.2014 (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ин лаҳзаҳо вуруди меҳмонони воломақом ҷиҳати иштирок дар саммити Созмони ҳамкории Шанхай, ки 11 ва 12 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, идома дорад. Барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Нурсултон Назарбоев. Президенти Қазоқистон вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Маврид ба ёдоварист, ки то ин лаҳза барои иштирок дар саммити душанбегии СҲШ Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Чин Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ,Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорж ва дигар меҳмонони расмӣ ба Душанбе омадаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






