Таъсиси аввалин муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи техникӣ
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар шаҳри Хуҷанд аввалин муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи техникӣ таъсис гардид, ки он мутобиқ ба шароити замонавӣ буда, аз 9 синфхона, 3 ташхисгоҳ, китобхона ва толори меҳмонхона иборат аст. Дар ҳар синфхонатахтаи электронӣ насб гардида, зиёда аз 20 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба фаъолият мебарад.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, коллеҷ дорои ду намуди таҳсил: 3 моҳа ва 3 сола буда, таҳсил ба таври шартномавӣ сурат мегирад. Барои таҳсили 3 моҳа сертификат ва барои таҳсили 3 сола шаҳодатномаи хатми нопурра дода мешавад.
Ҳамчунин ин муассиса барои ошхонаву тарабхонаҳо пешхизматони касбиро омода мекунад.
Дар коллеҷ мутахассисони пуртаҷриба аз рӯи ихтисосҳои техник-иқтисодчӣ, техник-технолог, техник -барномасоз, техник доир ба ташкил ва идоракунӣ, технологи маҳсулоти қаннодӣ, техник — технологи соҳаи хӯрокӣ ва техник- сохтмончӣ омода мешаванд. Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд бо донишкадаи шаҳри Маскав, Донишкадаи техникии шаҳри Симферопол ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шартномаҳои ҳамкорӣ бастаанд, ки дар асоси он хатмкунандагони коллеҷ метавонанд дар донишкаҳои номбаршуда таҳсилашонро идома диҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






