Таъсиси бонк бо низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).- «Давлати Қатар омода аст, ки бо Тоҷикистон дар бахшҳои бонкдорӣ, суғурта, тандурустӣ ҳамкориро тақвият дода, дар татбиқи лоиҳаҳои судбахши ин кишвар иштироки фаъол дошта бошад. Мо тасмим гирифтаем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як бонк бо низоми бонкдории исломӣ таъсис диҳем»-гуфт ба хабарнигорон пас аз мулоқот бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои директорони ҳолдинги «Издон»-и Давлати Қатар шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ.
Шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ аз ҷумла зикр намуд, ки ҳайати ҳамроҳони ӯ бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Қатарро намояндагӣ мекунанд. «Мо бозор ва имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯхтем, ки ин имкониятҳо умедбахшанд ва моро барои ҳамкории минбаъда водор месозад. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарду кишвар мехоҳам ширкатҳои Қатарро ба бозори Тоҷикистон ҷалб намоям», — таъкид намуд шайх Холид.
Ба ақидаи шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ: «Дар байни кишварҳои мусулмон Ҷумҳурии Тоҷикистон як манзалати хос дорад. Масалан, дар тамоми хонадони Давлати Қатар китоби Саид ал-Бухорӣ вуҷуд дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






