Таъсиси Федератсияи минтақавии футбол дар Рашт
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар»). – Дар конфронси муассисони ноҳияи Рашт Федератсияи минтақавии футбол таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро раиси ноҳияи Ҷиргатол Умедхоҷаи Зоир ба ӯҳда дорад.
Дар кори конфронс 57 нафар вакилон, аз ҷумла раисони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод ва шаҳри Роғун ширкат доштанд.
Ҳайати Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи ноҳияи Рашт иборат аз 11 нафар ташкил ёфт. Дар кори конфронс директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Аҳмедов ва мутахассиси пешбурди шуъбаи футболи оммавии Федератсияи футболи Тоҷикистон Нуралӣ Хоркашев иштирок доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






