Таъсиси гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — 23 сентябри соли 2014 дар шаҳри Брюссел зимни вохӯрии аъзои ҳайати Парлумони Аврупо оид ба муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо таъсис ёфт. Вакили Парлумони Аврупо Ҳерберт Дорфман раиси гурӯҳ интихоб гардид.
Мақсади ташкили гурӯҳи дӯстӣ- ин мусоидат намудан барои инкишофи ҳамаҷонибаи муносибатҳои гуногунсамти Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Дар вохӯрӣ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев дар назди вакилон оид ба таърих, фарҳанг, вазъи кунунии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, парламентаризми демократӣ, ҳуқуқи инсон, иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон, масъалаҳои обиву энергетикӣ, мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар, терроризм, экстремизм, таҳкими сарҳади давлатӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои бунёдкорона дар ҷумҳурӣ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва аҳамияти байналмилалии он маълумоти муфассал дод.
Намояндаи доимӣ зикр кард, ки узвияти Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо шароити мусоидеро ҷиҳати инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Иттиҳоди Аврупо фароҳам овардааст. Аз ин лиҳоз, аз вакилони Парлумони Аврупо барои таҳкими бештари муносибатҳои гуногунҷабҳа аз тариқи афзори парлумонӣ даъват ба амал оварда шуд.
Вакилони Парлумони Аврупо ба муносибатҳои созанда ва рӯзафзуни гуногунсамти Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, таъйид намуданд, ки барои рушди минбаъдаи онҳо тадбирҳои амалӣ хоҳанд андешид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






