Таъсиси марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Сентябрь 1, 2014 16:24

Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфт ва тарбияи хонандагони лаёқатманд дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар то имрӯз 8 мактаби президентӣ таъсис дода шуд. Ин нуктаро 1 сентябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш бахшида ба Рӯзи дониш зикр намуд.
Президенти кишвар афзуд, ки соли ҷорӣ ҳамчунин Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020”-ро қабул намуд. Татбиқи барномаи мазкур имконият медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимиву илмии махсус ва марказҳои эҷодиёти техникӣ барои хонандагони лаёқатманд таъсис дода, дар онҳо шароити муосири таълиму тарбия муҳайё шаванд.
«Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки дар доираи барномаи мазкур дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳоро таъсис диҳанд», — таъкид намуд Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Сентябрь 1, 2014 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд