Таъсиси Маркази ғафуровшиносӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар ошёнаи сеюми осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров Маркази ғафуровшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода мешавад. Бо ин мақсад аз хазинаи донишгоҳ беш аз 11 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Тавре ки муовини ректори донишгоҳ оид ба илм профессор Матлуба Хоҷаева афзуд, бо иқдоми Раёсати донишгоҳ ошёнаи сеюми осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров пурра навсозӣ мешавад ва аллакай тарҳи корҳо пешниҳод шуда, он мавриди омӯзиши мутахассисон қарор дорад. Дар ин толор дар баробари муаррифии Бобоҷон Ғафуров, маҳсули эҷоди олимон дар бораи ин алломаи Машриқзамин, ҳамзамон Маркази ғафуровшиносии назди Институти тадқиқотии ҷомеашиносии донишгоҳ фаъолият хоҳад бурд.
Матлуба Хоҷаева гуфт, ки ҳадаф аз ташкили Маркази ғафуровшиносӣ боз ҳам амиқ омӯхтани нақш, эътибор ва фаъолияти назарраси академик Бобоҷон Ғафуров дар рушду ташаккули таърихи фарҳанг ва сиёсии халқи тоҷик мебошад, ки аз тарафи олимони донишгоҳ ба роҳ монда мешавад. Олимону устодони донишгоҳ чанд намунаи китобҳои тозанашри худро ба осорхона супорида, ба гӯшаи нави он асос гузоштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






