Таъсиси Шӯрои миллии рушди маориф
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Шӯрои миллӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо, ҷамъиятҳои таълимӣ ва касбӣ , иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ барои рушди кӯдак, оила, мактаб ва ҷомеа таъсис дода мешавад. Шӯрои миллӣ ҳам намояндагони ҷомеаи таълимӣ ва ҳам роҳбарони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятро, ки нисбат ба низоми маориф ҳамчун фармоишгар ва истифодабаранда баромад мекунанд, муттаҳид менамояд.
Вазифаҳои Шӯрои миллӣ аз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ ба эҳтиёҷоту мушкилоти мубрами соҳаи маориф, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сохторҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шӯроҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ барои рушди кӯдак, оила, мактаб, ҷомеа ва мамлакат, аз ҷумла дар татбиқи стратегия, консепсия, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






