Тирандозони Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ сафар намуданд
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 11 нафар варзишгари тирандози Тоҷикистон, ки дар Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқ мекунад, барои иштирок дар бозиҳои ҳабдаҳуми Осиё ба Кореяи Ҷанубӣ сафар намуд. Онҳоро дар ин сафар мураббиёни Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозӣ Олег Набиев ва Дилором Лагутенко ҳамроҳӣ менамоянд. Бозиҳои ҳабдаҳуми Осиё аз 17 то 26 — сентябри соли ҷорӣ доир мегарданд.
Варзишгарони ташкилот барои иштироки сазовор дар ин чорабинӣ ва ҳифзи эътибори варзишии Тоҷикистон тамрини худро пурра анҷом доданд.
Ҳоло ташкилотҳои ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилоятҳои Суғду Хатлон низ дастаҳои мунтахаби варзишгарони худро доранд, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ иштирок намуда, пайваста мақомҳои сазоворро соҳиб мегарданд. Бояд гуфт, ки шумори духтарону бонувони ба ин риштаи варзиш майл пайдонамуда торафт рў ба афзоиш аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






