Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ

Сентябрь 23, 2014 11:50

Душанбе, 23.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Аз 22 то 29 сентябри соли ҷорӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳафтаи баргузории силсила чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ва илмиву амалӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии туризм, ки он ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 27-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад,  баргузор мегарданд.  
Тавре ки дар ин бора мудири Бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҷалолиддин Нуров хабар дод, кумитаи мазкур бо мақсади инкишофи туризми дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси бойи таърихию фарҳангии мамлакат, табиати нотакрор, обҳои шифобахш, маданият, урфу одатҳои миллии мардум ва муаррифии ҳарчи бештари он дар дохил ва берун аз кишвар чорабиниву озмунҳои ҷумҳуриявии “Осоишгоҳи сол”, “Меҳмонхонаи сол” ва “Ширкати пешқадами туристӣ”-ро эълон намудааст, ки дар Рӯзи ҷаҳонии туризм ҷамъбаст хоҳанд гашт. 
Дирӯз дар Литсеи хизмат ва туризми шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон намоиши дастовардҳои донишҷўён бо ташкили мизи муддавар доир гардид.
Ҳамчунин дар назар аст 24-уми сентябр дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо мутахассисони соҳаи сайёҳии кишвар семинари омўзишии имкониятҳои рушди соҳа дар кишвар, 27 сентябр ҳашари ҷумҳуриявии ҷавонон баҳри беҳдошти фазои экологии кишвар,  Намоишгоҳи  ҳунарҳои мардумӣ ва савғотии беҳтарин ба сайёҳон, чорабинии фарҳангӣ маърифатӣ ва илмӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шаванд.  Рўзи 29-уми сентябр 4-умин конфронси миллии туристии  “Тоҷикистон- кишвари туризм” баргузор мешавад.
  Гуфта мешавад, ки чорабиниҳо дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014», инчунин бо мақсади  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майи соли 2014 дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ аз июни соли 2014 доир ба иҷрои буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар қисми маблағгузории «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди туризм дар ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2015-2019» сурат мегиранд. Чорабиниҳои мазкур дар дигар минтақаҳои кишвар низ баргузор мешаванд. 

Сентябрь 23, 2014 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад