Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ
Душанбе, 23.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Аз 22 то 29 сентябри соли ҷорӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳафтаи баргузории силсила чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ва илмиву амалӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии туризм, ки он ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 27-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, баргузор мегарданд.
Тавре ки дар ин бора мудири Бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҷалолиддин Нуров хабар дод, кумитаи мазкур бо мақсади инкишофи туризми дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси бойи таърихию фарҳангии мамлакат, табиати нотакрор, обҳои шифобахш, маданият, урфу одатҳои миллии мардум ва муаррифии ҳарчи бештари он дар дохил ва берун аз кишвар чорабиниву озмунҳои ҷумҳуриявии “Осоишгоҳи сол”, “Меҳмонхонаи сол” ва “Ширкати пешқадами туристӣ”-ро эълон намудааст, ки дар Рӯзи ҷаҳонии туризм ҷамъбаст хоҳанд гашт.
Дирӯз дар Литсеи хизмат ва туризми шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон намоиши дастовардҳои донишҷўён бо ташкили мизи муддавар доир гардид.
Ҳамчунин дар назар аст 24-уми сентябр дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо мутахассисони соҳаи сайёҳии кишвар семинари омўзишии имкониятҳои рушди соҳа дар кишвар, 27 сентябр ҳашари ҷумҳуриявии ҷавонон баҳри беҳдошти фазои экологии кишвар, Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва савғотии беҳтарин ба сайёҳон, чорабинии фарҳангӣ маърифатӣ ва илмӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шаванд. Рўзи 29-уми сентябр 4-умин конфронси миллии туристии “Тоҷикистон- кишвари туризм” баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ки чорабиниҳо дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014», инчунин бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майи соли 2014 дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ аз июни соли 2014 доир ба иҷрои буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар қисми маблағгузории «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди туризм дар ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2015-2019» сурат мегиранд. Чорабиниҳои мазкур дар дигар минтақаҳои кишвар низ баргузор мешаванд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






