“Тоҷикистон кишвари туризм”-конфронс дар «Серена»

Сентябрь 30, 2014 11:43

Душанбе 30.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар меҳмонхонаи  «Серена»-и шаҳри Душанбе конфронси миллии туристии  “Тоҷикистон- кишвари туризм” баргузор гардид. 
Тавре ки дар ин бора мудири бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷалолиддин Нуров хабар дод, дар кори конфронс меҳмонҳо аз хориҷи кишвар ва намояндагони сафоратхонаҳое, ки дар Тоҷикистон  фаъолият доранд, иштирок карда, сухан гуфтанд.       
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар конфронси мазкур раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абудуллозода  Аҳтам Рустам иштирок ва  оид ба рушди  туризм дар кишвар баромад намуда, захираҳои бойи туристии Тоҷикистонро барои меҳмонон арзёбӣ намуд. Ҳамзамон  дар бораи беҳтар намудани  сатҳи хизматрасонӣ нисбат ба солҳои пешин ибрози назар намуд.
Дар анҷоми маърӯзаи худ Абудуллозода  барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм пешниҳод ва тавсияҳои мушаххас дод.    
Меҳмонон дар хотимаи   конфронси миллии туристии  “Тоҷикистон- кишвари туризм” аз намоишгоҳи ҳунарҳои дастии ширкатҳои туристӣ, ки дар саҳнаи меҳмонхонаи «Серена» ба намоиш  гузошта шуда буд, дидан намуда, ба ҳунарҳои дастии мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.
 

Сентябрь 30, 2014 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад