“Тоҷикистон кишвари туризм”-конфронс дар «Серена»
Душанбе 30.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе конфронси миллии туристии “Тоҷикистон- кишвари туризм” баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора мудири бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров хабар дод, дар кори конфронс меҳмонҳо аз хориҷи кишвар ва намояндагони сафоратхонаҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, иштирок карда, сухан гуфтанд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар конфронси мазкур раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абудуллозода Аҳтам Рустам иштирок ва оид ба рушди туризм дар кишвар баромад намуда, захираҳои бойи туристии Тоҷикистонро барои меҳмонон арзёбӣ намуд. Ҳамзамон дар бораи беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ нисбат ба солҳои пешин ибрози назар намуд.
Дар анҷоми маърӯзаи худ Абудуллозода барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм пешниҳод ва тавсияҳои мушаххас дод.
Меҳмонон дар хотимаи конфронси миллии туристии “Тоҷикистон- кишвари туризм” аз намоишгоҳи ҳунарҳои дастии ширкатҳои туристӣ, ки дар саҳнаи меҳмонхонаи «Серена» ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда, ба ҳунарҳои дастии мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






