Тоҷикистони меҳмоннавоз-кишвари сайёҳӣ
Душанбе, 27.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Тоҷикистони меҳмоннавоз-кишвари туризм»- таҳти чунин унвон 29 сентябр дар Душанбе конфронси миллии туристӣ баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои марбута, корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмону ширкатҳои туристии ҷумҳурӣ ширкат варзанд.
Ҳадафи конфронси миллӣ муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон буда, ҳамзамон дар он масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи туризм, фароҳам овардани инфрасохтори бахши туристӣ дар ҷумҳурӣ баррасӣ мешаванд.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии туризм, ки ҳамасола 27 сентябр таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






