Толори варзишӣ-туҳфа ба ҷашн
Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар арафаи ҷашнгирии 23- солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Мевағул, толори варзишӣ, ки аз соли 2000-ум инҷониб бекор хобида буд, аз нав таъмир гардида, ба истифодаи сокинони маҳалла дода шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъомадагонро бо рӯзи истиқололият табрик намуда, зикр кард, ки чунин имкониятҳои тамрину обутобёбӣ барои варзишгарони наврас маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар фароҳам гаштаанд.
Дар айни ҳол зиёда аз 100 нафар ҷавонону наврасони аз 7 то 22-сола таҳти назорати се нафар мураббии варзида имкон пайдо намуданд, тибқи ҷадвали тасдиқгардида бо намудҳои варзишӣ, аз қабили бокс ва вазнбардорӣ машғул шаванд.
Маблағи умумии таъмир зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил дода, дар корҳои навсозии он варзишгарон- соҳибкорони маҳаллӣ Фаррух Ҳусейнов ва Муртазохон Алиев низ саҳм гузоштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






